ДАР ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО САФИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ МЕАФЗОЯД

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  баҳри ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шудани шаҳрвандон  корҳои фаҳмондадиҳи бурда шуда истодааст.

Ин навбат дар филиали бонки ғайридавлатии "Имонинтернешл", ки дар хоҷагии ба номи Эшбек Сатторов воқеъ мебошад чунин иқдом баргузор карда шуд.
Ҳангоми сӯҳбат Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳамидзода Абдулҳафиз Ҳамид  оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони Истиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Баъди суҳбату вохӯрӣ чор нафар кормандони бонки номбурда ихтиёран барои ба сафи ҲХДТ аъзо шудан аризаҳои худро пешниҳод намуданд.