АКСИЯИ "НИҲОЛШИНОНӢ ВА ГУЛШИНОНӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ФАРҲАНГ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Дӯстӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст.               

Имрӯз дар ташкилоти ибтидои ҳизбии "Фарҳанг" тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Дӯстӣ  аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи корхона  аксияи "Гулшинонӣ ва ниҳолшинонӣ" баргузор гардид.
Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона гулҳои зебову ороишӣ ва ниҳолҳои ҳамешасабзро ки тавваҷӯҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд, шинониданд. Инчунин зери дарахтонро нарм намуда, гирду атрофи корхонаро ободу зебо гардониданд.Ин иқдом аз ҷониби Ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома меёбад.