ТОЗА КАРДАНИ КАНАЛУ ЗАҲБУРҲО БА ҲОЛАТИ МЕЛОРАТИВИИ ЗАМИНИНҲО МУСОИДАТ МЕКУНАД

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишт ва дар ин мавсим сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани кишоварзон ҳалли мулушкилотро чораҷӯи намуда бо истифода аз техникаҳо тоза кардани каналу заҳбурҳо бо маром идома дорад.

       Санаи 27.03.24 дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Гарди Гулмуродов, ки роҳбарии онро Назарова Муаззама ба ӯҳда дорад дар деҳаи Намуна ба тоза намудани каналу заҳбурҳо шуруъ намуданд, ки бевосита аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, ва раисони хоҷагиҳои деҳқони саҳми басо муҳим гузошта истодаанд. Тибқи маълумот ба масофаи 2,5 км заҳбурҳо тоза карда мешавад.