ДАР ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО САФИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ МЕАФЗОЯД

Дӯстӣ:  

Имрӯзҳо дар ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  баҳри ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шудани шаҳрвандон  корҳои фаҳмондадиҳи бурда шуда истодааст.

    Ин навбат дар бонки ғайридавлатии "Имонинтернешл" чунин иқдом баргузор карда шуд.
    Ҳангоми сӯҳбат Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоҳирзода Саймухтор оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони Истиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
      Баъди сӯҳбату вохӯрӣ панҷ нафар кормандони бонки номбурда ихтиёрон барои ба сафи ҲХДТ аъзо шудан аризаҳои худро пешниҳод намуданд.