КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, санаи 27.03.2024, вобаста ба баргузории Амалиёти  муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ" аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия дар  муассисаи таълимии №7 ноҳияи Дӯстӣ ташаббуси ҳизбии “Соати сиёсӣ” баргузор карда шуд.
Соати сиёсӣ   мавзуҳои мубрами рӯзро дар бар гирифта Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Олимов Иброҳим  оид ба нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор кардани сулҳу субот дар мамлакат, устувор гардонидани пояҳои иқтисодии давлат ва ба як кишвари пешрафта табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
Ҳамзамон вобаста ба обруву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ва масъалаҳои мубрами рӯз яъне  самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ибрози андеша намуданд.