ҚАБУЛИ АЪЗОИ НАВ БА САФИ ҲХДТ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Барои ҷалби аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.

Масъулин бо аъзоёне, ки нав ба сафи ҲХДТ аъзо мегарданд суҳбат намуда, таъкид намуданд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ фаъол бошанд. Инчунин ҷиҳати ободонии диёри худ саҳмгузор бошанд. Масъулин шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба яъзоёне, ки нав ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд тақдим намуданд.