БАРГУЗОРИИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Дӯстӣ:  

Имрӯз дар ноҳияи Дӯстӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар варзишгоҳи марказии ноҳия тамоми ташкилоту муассисаҳо ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастархони идона ороста онро бо хурокҳои миллии тоҷикона аз қабили ҳафтсину ҳафтшин ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ оро доданд.

Сараввал аҳли ҳозиринро Раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон Назаралӣ бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта дар кишту кори баҳорӣ ба сокинони ноҳия муваффақият орзу намуд.
Ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро бо Наврӯзи Байналмилалӣ самимона табрик намуд.
Баъди аз ин дастагули театрикунонидашудаи Бахши фарҳанги ноҳия пешкаши мардуми шарафманди ноҳияи Дӯстӣ гардонида шуд.