ЧОРАБИНИҲОИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИДОМА ДОРАД

Дӯстӣ:  

Имрӯзҳо дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома дорад. Имрӯз бо ташаббуси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба ин ҷашни фархунад баргузор гардид.
Дар он аъзоён ва тарафдорони  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ иштирок намуда бори дигар расму оинҳо аҷдодии худро аз қабили ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои миллӣ маҳсулоти кишоварзӣ ва сару либоси  ҳунарҳои мардумиро ба марази тамошо гузоштанд.