МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Дӯстӣ: Ҳисобот  

Имрӯз санаи 10.01.2024, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар соли 2023 ва нақшаҳо, барои соли 2024 баргузор карда шуд.

Дар рафти маҷлис, Аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, Раиси ноҳияи Дӯстӣ, муҳтарам Нишонзода Даврон Назаралӣ, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Мирзоева Зарина, муовинони раиси ноҳияи Дӯстӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳия иштирок доштанд.
Дар маҷлиси Кумитаи иҷроия масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
  1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024.
  2. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои соли 2024.
  3. Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  4. Таъсиси гурӯҳи таблиғотӣ оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
  5. Қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб.
  6. Масъалаҳои ҷорӣ.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, Раиси Кумитаи иҷроия Ҳамидзода Абдулҳафиз оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024 баромад намуд.  Номбурда дар баромадаш қайд кард, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо кормандони Кумитаи иҷроия соли 2023-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда дар пешравию корҳои созандагӣ, тарғибу таблиғи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Аз ҳамин лиҳоз  ҳар як аъзои ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ масъул мебошанд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолиятро беҳтар намуда, сокинон ноҳияро баҳри анҷом додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ҳидоят намоянд.
Дар идомаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён"  Маҳмадсаидзода Шаҳноза ва раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки "20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Абдуллоев Раҷаббек ба музокира баромада вобаста ба корҳои ҳизбӣ ва фаъолияти ташкилоти ибтидоиашон дар соли 2023 ҳисобот доданд.
Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, З.Мирзоева ба сухан баромада, оиди фаъолияти ҳизбӣ, баргузории аксияҳои ҳизбӣ, хусусан ташаббусҳои ҳизбӣ, интишори маводҳо дар сомонаи Кумита ва қабули аъзо ба сафи ҳизб  ибрози андеша намуданд.  Номбурда қайд намуд, ки дар баробари дигар Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ низ назаррас буда, дар сомонаи Кумита ҳамарӯза хабару андешаҳо ва вокунишҳо сари вақт ҷой дода мешаванд.
Дар анҷом раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ баромад карда фаъолияти раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро дар соли 2023 назаррас арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин қайд намуданд, ки дар соли 2024 низ фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда дар якҷоягӣ бо вакилони ноҳиявӣ ва фаъолони ноҳия бар зидди гурӯҳҳои экстремистию ифротӣ вокунишҳои саривақтӣ нишон дода манфиатҳои давлату миллатро дар сатҳи зарурӣ ҳимоя карда дар сомонаи Кумитаи иҷроия ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ иникос намоянд.
Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардидаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.