Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, баргузор гардид.

Дӯстӣ: Ҳисобот  

Санаи 19.07.2023, дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаҳо  барои давраҳои оянда баргузор гардид.

Дар маҷлис, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Мирзосафарзода Шамсиддин, намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Зебо Бозорова,  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳия иштирок доштанд.
Дар маҷлиси Кумитаи иҷроия масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
  1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда.
   2. Рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ, барои соли 2024.
  3. Тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023.
  4. Қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб.  

  5.Масъалаҳои ҷорӣ.
Вобаста ба масъалаи якум, Раиси Кумитаи иҷроия Ҳамидзода Абдулҳафиз доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда баромад намуд.  Мавсуф қайд намуд, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо кормандони Кумитаи иҷроия нимсолаи якуми соли 2023-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда дар пешравию корҳои созандагӣ, тарғибу таблиғи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Дар идомаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Нури Вахш"  Турдиев Амондавлат  ба музокира баромада вобаста ба фаъолияти ташкилот дар ҳудуди ҷамоат ҳисобот дод.
Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис, ҳисоботи Директори маркази алоқаи почтаи ноҳияи Дӯстӣ, Азизов Фатҳулло вобаста ба рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии "Минбари Халқ" ва "Ҳамрози Халқ" шунида шуд.
Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Зебо Бозорова ба сухан баромада, оиди фаъолияти ҳизбӣ, баргузории аксияҳои ҳизбӣ, тезонидани обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ, хусусан ташаббусҳои ҳизбии "Соати сиёсӣ" ва "Мактаби ман" ибрози андеша намуданд.  Номбурда қайд кард, ки дар баробари дигар Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ низ назаррас буда, дар сомонаи Кумита ҳамарӯза хабару андешаҳо ва вокунишҳо сари вақт ҷой дода мешаванд.
Дар анҷом муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Мирзосафарзода Шамсиддин  баромад карда фаъолияти раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро дар давраи ҳисоботӣ назаррас арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин қайд намуданд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2023 низ фаъолиятро хуб ба роҳ монда дар якҷоягӣ бо вакилони ноҳиявӣ ва фаъолони ноҳия бар зидди гурӯҳҳои экстремистию ифротӣ вокунишҳои саривақтӣ нишон дода манфиатҳои давлату миллатро дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ инъикос намоянд.
Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардидаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар анҷом ба як қатор аъзоён ва фаъолони ҳизбӣ Сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тақдим карда шуд.