Маҷлиси ҳисоботӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳоти "Ҷиликул"

Дӯстӣ: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, имрӯзҳо дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Дӯстӣ, маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида истодаанд. Чунин маҷлис бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Ҷиликул" баргузор карда шуд. Ҳамчунин дар маҷлис раис ва котиби ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур  иштирок  доштанд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии деҳоти "Ҷиликул" Маҳмадалиев Баҳром оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда дар назди ҳозирин ҳисобот дод.
Номбурда доир ба корҳои анҷомдода дар самти фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ карда қайд намуд, ки сокинон ва деҳқонони Ҷамоати деҳоти Ҷиликул ҳама сарҷамъона меҳнат намуда бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда истодаанд. Сокинони ҷамоат ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ ва ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри амалишавии ҳадаф ва барномаҳои созандаи  ҳизб саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис қайд карда шуд, ки чи тавре ба ҳамаи мову шумо маълум аст соли 2024, 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Доир ба масъалаи мазкур моро лозим аст, ки Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 "Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" ба роҳбарӣ гирифта давоми соли 2023 ва то ноябри соли 2024 бахшида ба ин санаи муҳим мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва аксияҳои ҳизбиро баргузор намоем.
Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор дода шуда вобаста ба рафти иҷрои ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар поёни маҷлис Зоҳирзода Саймухтор баромад карда, оид ба сари вақт баррасӣ намудани арзу шикояти шаҳрвандони ҷамоат, таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, ҳолати ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ, ҷалби ҷавонони болаёқат ба сафи ҳизб, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ суханронӣ намуд.