Идомаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ.

Дӯстӣ: Ҳисобот  

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Дӯстӣ, маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида истодаанд. Чунин маҷлис бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳраки "20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор карда шуд. Ҳамчунин дар маҷлис раис ва котиби ташкилоти ибтидоӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур  иштирок  доштанд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки "20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Абдуллоев Раҷаббек оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда дар назди ҳозирин ҳисобот дод.
Номбурда доир ба корҳои анҷомдода дар самти фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ карда қайд намуд, ки сокинон ва деҳқонони Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама сарҷамъона меҳнат намуда бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда истодаанд. Сокинони ҷамоат ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ ва ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри амалишавии ҳадаф ва барномаҳои созандаи  ҳизб саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис қайд карда шуд, ки чи тавре ба ҳамаи мову шумо маълум аст соли 2024, 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Доир ба масъалаи мазкур моро лозим аст, ки Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 "Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" ба роҳбарӣ гирифта давоми соли 2023 ва то ноябри соли 2024 бахшида ба ин санаи муҳим мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва аксияҳои ҳизбиро баргузор намоем.
Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор дода шуда вобаста ба рафти иҷрои ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар поёни маҷлис Ҳамидзода Абдулҳафиз баромад карда, оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, ҳолати ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ, ҷалби ҷавонони болаёқат ба сафи ҳизб, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ суханронӣ намуд.