Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳа дар ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи марказӣ"

Дӯстӣ: Ҳисобот  

Тибқи банди 4,3-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоӣ як маротиба дар се моҳ баргузор карда мешавад.  

Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Дӯстӣ, оид ба баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии семоҳа имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи марказӣ" маҷлиси ҳисоботии семоҳа баргузор гардид.  Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ,  Зоҳирзода Саймухтор иштирок намуд. Маҷлисро котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” Разоқов Мансур оғоз карда, аъзоёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Котиби ташкилоти ибтидоӣ  дар назди ҳозирин баромад намуда аз фаъолияти семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ гузориш дод. Зимни суханронӣ котиби ташкилоти ибтидоӣ иброз намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” дар ноҳия фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ба роҳ монда ташаббусҳои ҳизбиро дастгирӣ намуда дар рафти амалишавии онҳо бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ҳамкории зич менамояд. Ҳамчунин барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми босазои худро мегузорад.
Қайд гардид, ки табибони Беморхонаи Марказии ноҳия ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб, баҳри бардаму саломат нигоҳ доштани сиҳатии ҷомеа, пешгирӣ намудани хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва аз ҷониби духтурони шуъбаи ёрии таъҷилӣ сари вақт  ҳозир шудан ва ба дарди беморон даво бахшиданро вазифаи аввалиндараи худ медонанд.
Ғайр аз ин аз ҷониби табибони Беморхонаи марказӣ, баҳри пешгирии никоҳи хешутаборӣ, пайомадҳои манфии никоҳи хешутаборӣ ва таъсири он ба носолимии фарзандон байни аҳолӣ доимо корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда мешавад.
Дар идома Зоҳирзода Саймухтор, баромад намуда вобаста ба пешбурди корҳои ҳизбӣ барору комёбиҳоро таманно карда, иброз дошт ки табибон бо беморон сару кор доранд ва як сухани хуб, як маслиҳати саривақтӣ метавонад ба манфиати бемор ва шаҳрванд бошад.
Мавсуф қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намудааст. Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ назаррас аст.
Дар анҷом оиди масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.