Ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" маҷлиси ҷамъбастии семоҳаашро баргузор намуд.

Дӯстӣ: Ҳисобот  

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, маҷлисҳои ҳисоботӣ аз натиҷаи фаъолияташон дар семоҳаи аввали соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда баргузор гардида истодаанд.

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" маҷлиси ҳисоботӣ аз натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор карда шуд.
Дар рафти маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор иштирок намуд. Ҳамчунин дар маҷлиси имрӯза тамоми директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва дигар аъзоёни ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" ширкат доштанд.
Сараввал рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардида, сипас котиби ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" Маҳмадназарова Зубайда аз фаъолияти семоҳаи ташкилот ҳисобот дод.
Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" аз ҳама ташкилоти калонтарин дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба ҳисоб рафта, зиёда аз 2000 аъзо дорад. Аъзоёни ташкилот дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ, фарҳангӣ ва ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуда дар таълиму тарбияи насли наврас ва ободии ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар идомаи маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ,  Зоҳирзода Саймухтор баромад карда вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, беҳтар намудани сатҳи таълиму дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ,  тарбия намудани ҷавонписарон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин дар маҷлис дигар масъалаҳои ҷорӣ низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" дар семоҳаи аввали соли 2023 қарори дахлдор қабул карда шуд.