КОНФЕРЕНСИЯИ XVI - УМИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ФИЛИАЛИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА БАРГУЗОР ГАРДИД.

Данғара:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҷмааи варзиши” - и ноҳияи Данғара Конференсияи XVI - уми ғайринавбатии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи ташкил ва баргузор карда шуд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, ҳайати раёсати Конференсия бо овоздиҳии вакилони конференсия интихоб гардиданд.

Кори конференсияро мовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара оғоз намуда, вакилонро бо рӯзномаи конференсия шинос намуд. Дар кори Конференисияи XVI - уми ғайринавбатии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ду масъала, якум ҳисоботи фаъолияти ФИҶТ дар ноҳия Данғара дуюм пешбарии вакилон ба Анҷумани XVI - уми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Вобаста ба мавзуи якум, ҳисоботи филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия аз ҷониби муовини раиси филиал Қурбонзода Искандар шунида шуд. Ҳамзамон, аъзоёни филиал Мирзоева З ва Ризоев Нурали ба музокира баромада, андешаҳои худро баён намуданд.

Дар охир, ҷиҳати вусъати фаъолияти корӣ аз ҷониби мовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия, пурзур намудани корҳои тарғиботӣ ибрози андеша карда шуд.

Кори Конференсияи XVI - уми филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ҳусни анҷом бахшида шуд.