ГАНҶИ МИЛЛАТ

Данғара: Андеша  

Ҳамин танҳо на симу зар бувад ганҷе, ки меҷӯем,

Биё роҳе ба дил ҷӯему ганҷи миллат андӯзем.

                                                            Лоиқ Шералӣ,

Ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, пажуҳиш ва намоишдиҳии беҳтарин намунаҳои табии ва болотарин офаридаҳои инсонӣ вазифаи асосии осорхонаҳост. Осорхона оинаи таърихи тақдирсоз шахсиятҳои таърихсоз ва омӯзандаи  мероси кӯҳан ва аз ҳама муҳимтарин ёдовари гузаштаи муҳофизи хотираи  инсоният ва мактаби бузурги маърифат мебошад.

Бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушодани осорхонаҳо дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.  Таҳти роҳбарӣ ва ташаббуси беназири роҳбари давлат сохтумони осорхона дар ноҳияи Данғара ба анҷом расид. Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 11 сентябри соли 2001 дар маркази ноҳия Осорхона кӯшода шуд ва аз соли 2001 то 2007 ҳамчун “Осорхонаи марказии Данғара” ном бурда мешавад. Аз 2.03.2002 фаъолияташро оғоз намуд.

Бо Амри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2007 ёдгориҳои эҳёгаштаи ноҳия; Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно обиддин, Оромгоҳи  Сари Қалъа, Хоҷа Шақиқи Балхӣ ба осорхонаи маркази ноҳия  супорида шуда, осорхонаи марказӣ ба “Осорхона – мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара” табдил дода шуд. бо қарори Раис ноҳияи Данғара аз 11 сентябри соли 2001 осорхонаи марказии ноҳияи Данғара  таъсис ёфт. Баъдан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии таҳти фармони №569 аз 30 – ноябри соли 2007 муассисаи давлатии Осорхонаи Марказии Данғара ба муассисаи давлатии “Осорхона  - Мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара” иваз карда шуд.

Осорхона  - Мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара муассисаи давлатии ғайритиҷоратӣ – илмию – тадқиқотӣ ва тарғиботию маърифатӣ буда, дар  тобеияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Осорхона – мамнуъгоҳ ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ, ичунин тавассути доду гирифти мустаҳакам бо осорхонҳои ватанӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳо хазинаи худро бой мегардонад.  Моликияти осорхона аз объектҳои ғайри  манқулӣ таърихию фарҳангӣ, захираҳои фондӣ (нигора, ашёи осорхонвӣ ва маҷмӯи осорхонавӣ) ва дигар арзишҳои моддӣ иборат мебошад.

Дар осорхона 4 – шуъба ва як фонд фаъолият менамояд.

  1. Шӯъбаи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна
  2. Шуъбаи таърихи муосир.
  3. Шуъбаи мардумшиносӣ.
  4. Шуъбаи ёдгориҳои таърихӣ

Ба ҳамагон маълум аст, ки Данғара яке аз қадимтарин ноҳия ба шумор меравад, ки дар ҳудуди Данғара 117 ёдгориҳои таърихӣ ба қайд гирифта  шудааст, ки (феҳрасташ замима мегардад) то имрӯз Осорхона дорои  чунин фонд мебошад. нишондод бо ададҳо гирифта шудааст.

Фонди умумӣ        – 5254

Сиккаи бостонӣ     - 200

Сиккаи асри XIX – XXI    - 1000

Санъати амалӣ – ороишӣ, наққошӣ  - 136

Асарҳои санъати (мусаварраҳо)  - 83

Ҳайкал  - 1

Китобҳои қадима (дастхат) – 21

Китобҳои қадима ( чопи сангӣ)  - 62

Осори мардумшиносӣ  -  416

 Аксҳо  -  ҳуҷҷат, ордену медал, либосҳои тахасусӣ, марка, китобшиносон ва ғайраҳо

Ҳуҷҷатҳо матбуоти даврӣ, мақолаҳо, расмҳо, ёдоштҳо, тӯҳфаҳо, пластинка васоити иттилоотии асри XX

Албому роҳнамо    -  640

Фонди тунели Данғара  - 325

Айни ҳол дар се шӯъбаи сорхона ҷамъоварӣ шуда ба марази тамошобинон гузошта шудааст.

Натиҷаи меҳнати хуби маъмурият ва кормандони илмии муассиса мебошад, ки имрӯзҳо теъдоди тамошобинон оҳиста – оҳиста меафзояд. Яке аз шуъбаҳо бахшида ба муҳофизату нигоҳбони ин ёдгориҳои  таърихӣ нигаронида шудааст. шуъбаи ёдгориҳои таърихӣ аз рӯи нақшаи  кори Осорхона тадқиқотҳои илмию таърихӣ бурда истодаанд. Ин ҷойҳои муқаддас ҳамчун мамнуъгоҳ муҳофизат карда мешавад. Оиди ин ёдгориҳои қадима ва таърихӣ аз тарафи мутахассисон ва олимон  мақолаҳо, китобҳо ва филмҳо таҳия намуда истодаанд.

Данғара дар қисми ҷануби ғарби Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Аз қисми шмолу шарқиаш ба ноҳияи Темурмалик аз шимолу ғарб ба ноҳияҳои Восеъ, Фархор, панҷ аз қисми ҷануби ғарби ба ноҳияи Сарбанд ва шаҳри Норак ҳамсарҳад мебошад. масоҳаташ 2,1 ҳазор км 2 мебошад.

АСОМУДДИНОВА Майдагул – мудири шуъбаи таърихи дунёи қадим