ИҚДОМИ «ШАҲРИ САБЗ»  ВА АҲАМИЯТИ ОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳияи Данғара ҳамарӯза ба ҳашар баромада, дар тозагиву озодагӣ ва хуррамгардонии ноҳия  саҳм гузошта истодаанд.

Агар муҳити зисти инсон аз ҷиҳати экологӣ тоза бошад, пас он ба саломатии одамон таъсири мусбат мерасонад ва ба истеҳсоли сармояи инсонӣ асос мегузорад. Маҳз дарахтони сарсабз ва наботот табиатро бо оксиген таъмин менамоянд. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тасмим гирифтаанд, ки ҳар рӯзро барои тозаву озода намудани, кӯчаву маҳаллаҳои зист, ободу зебо ва озода гардонидани ноҳия самаранок истифода бурда, дар ободонию созандагӣ, тозагиву покизагӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани майдончаҳои варзишӣ саҳми арзишманд гузорем!