ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ - ИРОДАИ СИЁСИИ МАН!

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз тарафи як қатор шахсони фаъоли ноҳияи Данғара барои аъзо шудан ба ҲХДТ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ташриф оварданд.  Зимни шиносои бо онҳо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон суҳбат ороста  ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани нуфузи ин ҳуҷҷати ҳизбӣ таҳкид намуданд.Сипас нафароне, ки барои аъзо шудан ба ҲХДТ ташриф оварда буданд, бо Оиннома ва Барномаи ҳизб шинос шуда, аризаҳои худро пешниҳод намуда, ҳамчун аъзои ҲХДТ соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ гардиданд.