ТОЗАГИИ ШАҲР АЗ ШАҲРВАНДОН ВОБАСТА АСТ

Бохтар:  

Барои тозаю озода нигоҳ доштани кучаю хиёбонҳо, боғҳо, роҳраву гулгаштҳо бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, қуттиҳои хурди паспартови сарироҳӣ дар мавзеъҳои алоҳидаи ҳудуди шаҳр гузошта шуданд. Ин иқдом дар шаҳр идома дорад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки барои дар роҳҳои пиёдагарду гулгаштҳо напартофтани ҳар гуна партовҳо худдорӣ намуда, аз қуттиҳои гузошташуда истифода баранд.

Мо шаҳрвандон вазифадорем, ки шаҳрамонро ҳамеша тозаю озода нигоҳ дошта, уҳдадориҳои шаҳрвандиамонро софдилонаву содиқона иҷро намоем.