МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БЕМОРХОНАИ ПУСТ”

Бохтар: Ҳисобот  

      Санаи 24 апрели соли равон тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ -интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи пуст” маҷлис доир карда шуд. Дар маҷлиси мазкур муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  Давлатова Роҳила иштирок намуданд.  Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оғоз намуда, иштирокдоронро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

      Дар маҷлис масъалаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи 3 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи соли 2024 иборат буд.

      Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи 3 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд. Сипас, бо ҳамин тартиб дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис барраси гардида нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

      Аз ҷониби муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақти ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо гуфта шуд.