ХОИНОН ВАТАНУ МИЛЛАТ НАДОРАНД, МО АМАЛҲОИ ОНҲОРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

Бохтар: Вокуниш  

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост, ки мо имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ мебинем вобаста ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Олмон бо чи тарзу восита паҳн намуда истодаанд. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.

Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратгаро ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии саӣёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳронҳои молиявию иктисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад.

Дар ҷараёни майдоннишиниҳо, гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори Парлумон, сӯиқасд ба ҷони кормандони боломақоми давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғасби биноҳои ҳукуматӣ ва амсоли инҳо як амри муқаррарӣ шуда буд.  Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Сафарализода Маҳмадалӣ, узви ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии Роҳнамои шаҳри Бохтар.