ШАҲРАМОНРО ДАР ЯКҶОЯГӢ ОБОД МЕНАМОЕМ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ободу зебо гардонидани маҳалли зист, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, муташаккилона гузаронидани шанбегиҳо аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ пайваста иқдом гирифта мешавад.

Ин навбат аъзоёни як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз қабили "Бахши ҷавонони шаҳр", Маркази ҷавонони шаҳр" ва "Номбардори Ватан" дар гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ воқеъ дар назди бинои Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон  аксияи тозагии маҳал баргузор намуда,  дар ободинии шаҳр саҳми худро гузоштанд.