ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Баҳри вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани симои шаҳри Бохтар, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мактаби санъати бачагона" санаи 13-уми апрели соли ҷорӣ дар минтақаи вобасташуда шанбегии дастаҷаъмона баргузор намуда, дар ободонии як мавзеи шаҳр саҳми арзандаи худро гузоштанд.