ТЕРРОРИСТ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД!

Бохтар:  

Ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ ҷиноятҳоеанд, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохти конститутсионӣ, низоми сиёсии мамлакат, ягонагӣ ва бехатарии ҷомеа равона гардадаанд.

Терроризм зуҳуроти мушкили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандасра ва хусусиятҳои равиявию даҳшатона мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Пайдоиши калимаи «террор» дар забони лотинӣ бо ду маъно дарҷ гардидааст:

Дар маънои «тарс», «даҳшат»;

Дар маънои «предмети тарс», «ваҳмандозандаи ҳолат».

Дар охири асри 19 аз ҷониби олимон ҳаммонандии ду мафҳум «террор» ва «терроризм» муайян карда шуда, аммо дар кушодани ин ду мафҳум ба ду мафҳуми гуногуни алоҳида маънидод намудаанд, яъне:

«Террор» – ҳамчун системаи сиёсии тарсонидани аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳизб ё ин ки ҳукумат ва баҳри расидан ба мақсадҳои гуногун анҷом дода мешавад.

«Терроризм» – бошад, даҳшат, тарсонидан, тарсонидани аҳолӣ бо иҷрои ҳукмҳои қатл, одамкушӣ, ки сарҳади мафҳумро васеътар намудааст.

Дар асоси қабули санадҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи амалҳои рухдода инчунин, бо дарназардошти фикру ақидаҳои олимон ва ҷудо намудани мафҳумҳои «акти террористӣ» аз «терроризм» ва муайян намудани худи мафҳуми «терроризм ва ба ҷамъият хавфнокии он» дар боби 21 Кодекси амалкунандаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои «терроризм» дар моддаи 179 муқаррар карда шудааст.

Мувофиқи моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тероризм – яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ, ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда ба ҳамин мақсадҳо.

Оид ба дуруст татбиқ намудани қонунгузорие, ки барои терроризм ҷавобгариро пешбинӣ намудааст, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оиди ҷавобгарӣ барои терроризм» 2 октябри соли 2003 № 18 қабул карда шудааст, дар он мафҳумҳое, ки аломатҳои таркиби ин ҷиноятро тавсиф медиҳанд, оварда шудаанд.

Объекти ҷинояти дидашаванда бехатарии ҷамъиятӣ ва амнияти давлат мебошад. Терроризм ҳамчун ҷинояти характери байналмилали дошта сарҳад надорад. Худи террорист бошад ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ғайр аз ин чи тавре ки Сарвари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаднок қайд намудаанд: «Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад».

Бо таъсири ваҳмангези худ терроризм ё ба доираи васеи шаҳрвандон ва чун қоида ба доираи номаълум, баъзан ба аҳолии тамоми шаҳру ноҳияҳо ё ба шахси мансабдори мушаххас ва мақомоти ҳокимият, ки дорои ҳуқуқи қабул кардани қарорҳои ташкилӣ – идоракунӣ мебошанд, равона карда шудааст.

Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлуқа овардани одамон равона шуда тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ равона карда мешавад.

Имрӯз оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро ташкилу ташаккули гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд.

Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, худро эмин нигоҳ дорем.

Муқаддас Рустамзода - узви ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фурӯғ"