АМАЛҲОИ ИФРОТӢ РАЗОЛАТУ ҶАҲОЛАТ АСТ

Бохтар: Вокуниш  

Пас аз чандин ҳазорон соли тамаддунофарӣ, пешрафт, рушду такомулу таҳаввулот ва шаклгирии ҳазорон гуфта фарҳангу санъат, ҳунар ва дар умум ба зинаи олии ташаккули хеш расидани инсон дар асри нав терроризм ва экстремизм ҳамчун нафратангезтарин падидаи иҷтимоии башар аз худ дарак дод.

Манфиатҷӯйи, бартарихоҳӣ ва қудратталабӣ, ки дар ниҳоди нохудогоҳии инсон зуҳур карда бо разолату ҷаҳолат омезиш ёфт. Дар шинохти террористу экстремист назорат ва шарҳу тафсир гуногунанд, вале дар баёни ин ки террорист кист, шарҳе беҳтаре аз гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки пайваста бо такрор мегуяд: "Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Мутаассифона, бар ивази ҳама тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгирию пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастию зиёдаравӣ, ифротгаройӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст.

Гумони ғолиб он аст, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.

Ин ҳама омилҳои муфид ва кор омадтарин василаҳое, ки мо дар боло ишора ва шарҳу тафсир кардем, агар аз як тараф роҳро барои коҳиши хатарҳои замони муосир аз ҷумла, терроризму ифротгароӣ кушоянд, аз ҷониби дигар барои ташаккули ҳувият, худшиносӣ ифтихори миллӣ тақвияти пояҳои истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар мусоидат мекунанд.

Бояд дар хотир дошт, ки миллат танҳо дар заминаи ваҳдат ба саодат мерасад. Бинобар ин агар мо дар рафъи ҳама гуна мушкилоту хатар бо талоши созанда ва саъйу кӯшиши қатъи дар канори сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмамолӣ Раҳмон

сарҷамъу иттифоқ бошем, ҳеҷ неруе ва ҳеҷ бадхоҳе тавоноии муқобилият бо миллату воҳиду иттифоқи моро нахоҳад дошт.

Бобоназарова Ш - аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамо"