ДАСТГИРИИ ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ БА ШУМОР МЕРАВАД

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар арафаи Иди Саиди Фитр, аз ҷониби вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Асадуллоева Мадина дар якҷояги бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ба 40 нафар оилаҳои ниёзманду маъюб ва шахсони якаву танҳо ёрии яквақтаина аз қабили орд равған шакар биринҷ расонида шуд.

  Шаҳрвандон ва табақаҳои ниёзманди шаҳр аз ин иқдоми нек хушнуд гардида, миннадории худро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, чунки Пешвои миллат хамеша таъкид менамоянд, ки дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ба шумор меравад.