ТАШАББУСҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА АҲАМИЯТИ ОН

Бохтар: Андеша  

  (Дар партави силсилаташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла, 21-уми март – «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»)

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои беназири сарвати обӣ мебошад, вале масъалаи ҳифзи манобеи он, бахусус ҳифзи пиряхҳо аз обшави ҷиддӣ ва ташвишовар мебошанд.

Масъалаи мавриди зикрро ба назар гирифта, бояд тазаккур дод, ки дар кишвари офтобрӯяи мо ба ғайр аз 947 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 1300 кӯл ва 11 обанборҳои калон, инчунин, мувофиқи арзёбии олимон зиёда аз 14 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуд аст.

Ҳамасола дар натиҷаи обшавии захираҳои пиряхҳо ва барфҳои доимии Тоҷикистон дар минтақа якчанд километри мукааб оби тоза ташаккул меёбад. Масоҳати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 8,4 ҳ. км2 буда, 6%-и масоҳати кишварро ташкил дода, асосан дар минтақаи Помир ҷойгир мебошанд. Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккулёбии оби калонтарин дарёи Осиёи Марказӣ – Амударё ва ҳавзаи баҳри Арал нақши асосӣ доранд. Чунки зиёда аз 60%-и захираҳои оби кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳз аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбад. Инчунин, 60%-и бузургтарин захираҳои обии минтақа, яъне пиряхҳо низ дар ҳудуди кишвари мо ҷойгир мебошанд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд, ки дар байни онҳо аз ҷиҳати боигарии захираҳои обӣ Тоҷикистон ва баъдан Қирғизистон дар ҷойи аввал буда, давлатҳои «болооб» ва боқимонда давлатҳои «поёноб»ба ҳисоб мераванд.

Муҳимияти масъалаи фавқуззикрро равшанфикрону олимон ва сиёсатмадорони ҷаҳонӣ дарк кардаву борҳо тавассути васоити ахбори ҷаҳон, конфронсу симпозиум ва форумҳои байналмилалӣ, гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳои оммавӣ ва шиору овезаҳои тарғиботию ташвиқотӣ, нашрияҳои махсуси илмию оммавӣ ва барномаю филмҳои мустанад, шабакаҳои махсуси телевизионӣ қотеъона ибрози назар намудаанд. Мақсади ягона ва ниҳоии ҳамаи ин чорабиниҳо ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарки қазияи мазкур, ташаккул додани маърифати экологии саросарӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои нохуши эҳтимолии онҳо мебошад.

Бо дарназардошти зарурияти масъалаи болозикр ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан бо дарки амиқ, таваҷҷуҳи хоса ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббусҳои башардӯстонаро пешниҳод намудаанд. Ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон, дар самти истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи пиряхҳо назаррас буда, маҳз бо пешниҳодҳои сарвари давлати мо дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ доир шуданд. Бо ташаббуси ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории як қатор кишварҳои ҷаҳон Маҷмааи кулли СММ «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) – ро эълон намуд. Аз ин хотир, мизбони қисми зиёди конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ вобаста ба ин ташаббусҳо маҳз Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Рухшонаи Шералӣ - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бахши ҷавонони шаҳр"