НАВРӮЗ РАМЗИ ЭҲЁИ ТАБИАТ

Бохтар: Андеша  

 

Наврӯз барои мо муқаддастарин вожаест, ки онро бо ҳама поки­вупокизагӣ, бо камоли эҳтиром ба забон меорем. Барои мардуми тоҷик ҷашни Наврӯз рамзи эҳёи табиат ишқу муҳаббат, покию назокат, дӯстию рафоқат ва ҷавонии оламу одам мебошад.

Наврӯз субҳ аст, субҳи ҳаёти навин, субҳи умед, субҳи бахту саодат. Наврӯз бедории табиат, гулистони муаттар, фазои мушкбез ва замини ҳосилхези диёри файзрез аст. Наврӯз ҳамдаму марҳами марди деҳқон аст. Наврӯз пирӯзии гармо бар сармо, зебоӣ бар зиштӣ, накукорӣ ба бадкорӣ, рӯшноӣ бар зулмот аст. Наврӯз зинатбахши ҷаҳон нерӯбахши оламиён, илҳомбахши суханварон аст. Наврӯз шиносномаи миллати сарбаланди тоҷик, ифтихору шараф, садои доираву даф аст. Наврӯз ормонҳои асрҳову аҷдодони мост, Наврӯз муҳабат асту садоқат, Наврӯз сулҳ асту амонист, Наврӯз таскиндиҳандаи қалбҳо ва баҳамоии наслҳову аслҳост. Наврӯз, рӯзи бахшоиши гуноҳон, рӯзи зиёрати гузаштагон, рӯзи ризоист.

Наврӯз армони ҳазоронсолаи мо, шифои ҳамаи дардҳо, таскини тамоми ғуссаҳо ва умеди ноумедиҳост. Наврӯз шиносномаи миллати мост, зеро дар он ҳама ҳастӣ, ҳама таърих ва ҳама хуҷастагиҳои гузаштагони мо таҷассуми ҷовидонаёфтаанд.

Наврӯз пайки шодию нишот ва фараҳтарин ҷашнвораимиллӣ аст, ки бо рисолат, покию нафосат, анъанаю оинҳо ва армуғонҳо ниёгону имрӯзиёнро бо ояндагон мепайвандад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки эҳтирому таваҷҷуҳи хосаву ҳамешагӣ ба фарҳангу тамаддун, ба арзишҳои маънавии халқи азизи худ доранд, дар иртибот ба аслу моҳияти Наврӯз гуфтаанд.

“Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан, будааст”.

Фарорасии Наврӯз муждаи соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебоиву эҳёи табиати нотакрори кишвар маҳсуб мегардад.

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Ҳама дар пираҳани Наврӯз аст.

Ҳар куҷо анҷумани Наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз.

Акнун мамлакати соҳибистиқлоли мо боз дар оғуши зебоӣ, дар муҳити пурназокату муаттар қарор дорад, ҳама болидарӯҳу шукуфта хотиранд ва дилҳои пурҷушу илҳоми саршор доранду ҳамвора зери лаб ба баҳори нав расидем, зи баҳор шукр мегӯянд.

Навбаҳорон омад, азизон, шукри Наврӯзӣ кунем,

Лолаву гул гашт хандон, шукри Наврӯзӣ кунем.

Армуғоне сабз Наврӯз аст аз даври қадим,

Пайку пайғом аз ниёгон, шукри Наврӯзӣ кунем.

Месазад, ки ҳар яки мо бо чунин ҷашни шукӯҳманду беҳамтои миллиамон ифтихор дошта бошем ва онро бо камоли шодию нишот истиқболу таҷлил намоем.

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,

Фасли зебои дилафрӯз муборак бошад!

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо карда, умри дубора меёбад.

Тамоми оинҳои ибратомӯзи Наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд. Бинобар ин, мо, мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу дӯстӣ, ваҳдату якпорчагӣ, кору пайкори созанда ин ҷашни покию зебоӣ, баҳорушукуфоиро дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо шукргузорию саодатмандӣ таҷлилменамоем.

Шукри даврони Истиқлол, ҷашни Наврӯз бо навиди тозаю паймони гарм кишвари моро бо қадами мубораки хеш, бо саломи даврони куҳан, бо садоқат ба ояндаи нек сарсабзу хуррам мегардонад.

Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро,

Айёми ҷавонист заминрову замонро.

Қадамҳои Наврӯзи ҷонбахш, Наврӯзи озодӣ, Наврӯзи ориёи­ён, Наврӯзи истиқлоли тоҷикон ба Тоҷикистони гулистону дилситон фархунда бод!

Гулбаҳор Бобоева - аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фурӯғ"