БАРНОМАИ БОШУКУҲИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАРКАЗИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар:  

   Идомаи чорабинии бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар майдони варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғати ҷашн гирифта шуд.

Сараввал раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, ҳамагонро бахшида ба ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуда, ёдоварӣ аз ташаббусҳои неку созандаи роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати мақому нуфузи ҷаҳонӣ пайдо кардани Наврӯз, изҳор дошт, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.

Сипас, Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода доир ба сунату анъанаҳои неки ниёгонамон суханронӣ намуда, ба муносибати тантанаи ҷашни Наврӯзи аҷам ҳозиринро ва дар симои онҳо тамоми мардуми шаҳрро табрику таҳният намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ аҳли фарҳанги шаҳри Бохтар барномаи идонаи Наврӯзиро пешкаши меҳмонону иштирокчиён намуданд.