ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар:  

   Санаи 24-уми марти соли ҷорӣ дар майдони Нишони маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз аз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони шаҳри Бохтар, расму оинҳои мардуми, дастархони идонаи ҳафтсину ҳафтшин ва дигар намуди хӯрокҳои миллӣ, аз тарзи омода намудани таомҳои миллӣ, ҳунарҳои заргарӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, намадбофиву сабадбофӣ, карнайнавозӣ, думбранавозӣ, дойранавозӣ ва рақсу бозиҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда буд, ки оғози чорабинии бошукуҳи ҷашни Наврӯзро таҷассум менамуд, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон, меҳмонон аз вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон ва роҳбарону фаъолон бо як руҳу илҳоми идона дидан намуданд.