НАВРӮЗ ҶАҲОНӢ ШУД

Бохтар:  
  Ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бунёдкор” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ятимов Собир, дигар омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти чорабинӣ иброз гардид, ки ҷаҳонӣ шудани ҷашни байналмилалии Наврӯз низ аз мероси бойи таърихию фарҳангии халқи тоҷик дарак медиҳад. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест.
Инчунин дар чорабинии бошукуҳ, аз ҷониби донишҷӯёни муассиса барномаи фарҳангии иборат аз суруду тарона дар васфи Наврӯзу васли баҳор ва рақсҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Баъдан дар фарҷоми чорабинӣ як қатор аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоӣ бо туҳфа ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шуданд.