БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бохтар: Созандагони ватан  
Бо мақсади арҷгузори ба ойинҳои наврӯзӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, чорабиниҳои гуногуни ҳизбӣ, маводҳои таблиғотию ташвиқоти байни мардум тақсим гардида истодааст, ки чунин иқдом дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бохтарнақлиётхизматрасон” баргузор гардид. Дар аксияи мазкур волонтёрони ҳизбӣ бо роҳбарии мудирони шуъбаҳои занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Давлатов Роҳила ва Давлатов Наҳтулло фаъолона иштирок намуда, маводҳои таблиғотию ташвиқотиро дар қисмати пеши автобуси мусофиркашӣ насб намуданд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бохтарнақлиётхизматрасон” зиёда аз 39 автобус ба сокинон ҳамарӯза хизмат менамоянд.