ДАР ҶАҲОНИ ИМРӮЗА ҲЕҶ НАФАРЕ АЗ ДАСТИ ГУРУҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ЭМИН НЕСТ

Бохтар: Вокуниш  
Бо экстремизми динӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза барад. Усулҳои мубориза метавонанд гуногун бошанд. Давлат, пеш аз ҳама, бояд шароити иҷтимоӣ иқтисодӣ ва сиёсии ба пайдошавии экстремизм мусоидаткунандаро барҳам дода, фаъолияти зиддиқонунии экстремистиро ҷилавгирӣ намояд, ҷомеа бошад, бо ёрии иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, ВАО ва ғайра ба ғояҳои экстремистӣ, ғояҳои инсондӯстӣ, сулҳу ризоияти шаҳрвандиро муқобил гузошта, зидди экстремизми динӣ амал кунад. Дар ҷаҳони имрӯза ҳеҷ нафаре аз дасти гуруҳҳои террористӣ ба монанди собиқ ТЭТ ҲНИ аъзо ва ҷонибдоронашон мисли Муҳаммадиқболи Садриддину Муҳиддин Кабирӣ ва Гуруҳи-24, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи олам худро осуда ҳис карда наметавонанд. Терроризм падидаи сиёҳу ғайриқонунӣ ва ҷинояти муташаккил унвон гардида, ба вазъи кунунии сайёра ва ҳаёти инсонҳо хатари ҷиддие дорад. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Аммо барои як инсони оддӣ фаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад. Шароити имрӯза моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем.
Терроризм зуҳуроти номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ омадааст ва ин падида терроризм мебошад. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем. Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо зурӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба аҳли ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад. Терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террористӣ ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад. Ифротгароӣ, тундравӣ ва даҳшатафкании динӣ нишонаҳои асосии гурӯҳҳои ифротгарои динӣ мебошанд. Маҳз созмонҳои экстремистӣ бавуҷудоварандаи терроризманд. Аз ҳама бештар ҳаракату созмонҳои ифротгаро барои ба даст овардани мақсаду ҳадафҳои сиёсии худ аз амалҳои террористӣ истифода мекунанд. Террористон бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм мақсаду мароми худро амалӣ карданӣ мешаванд. Дар амалҳои террористӣ бештар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.
 
Қувватова Гулистон - узви ҲХДТ дар шаҳри Бохтар