МО ҶАВОНОН ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ҲАСТЕМ

Бохтар: Вокуниш  
Ҷомеаи муосир бо мушкилоти ҷиддии густариши ифротгароӣ ва терроризм, бахусус дар байни ҷавонон рӯбарӯ шудааст, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯзмарра ва тезутунд ба шумор меравад. Ин падида хусусияти умумиҷаҳонӣ дошта, ба амнияти на танҳо кишварҳои алоҳида, балки тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад.
Паҳн шудани ин падидаҳо дар байни ҷавонон нигарониҳои ҷиддиро ба вуҷуд оварда, барои пешгирӣ ва муқобилият нишон додан бо онҳо чораҳои фаврӣ андешиданро тақозо мекунад. Барои муборизаи муассир бо ифротгароӣ ва терроризм бояд сабаб ва омилҳои паҳншавии онҳо дар байни ҷавонон дарк ва таҳлил карда шавад.
Дар густариши ифротгароӣ ва терроризм дар миёни ҷавонон шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет нақши муассир доранд. Интернет махфият ва дастрасиро ба иттилоот, аз ҷумла маводи дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ фароҳам меорад. Ҷавононе, ки вақти зиёди худро дар ҳар гуна шабакаҳои интернети мегузаронанд, ба таъсири идеологӣ ва таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ гирифтор мешаванд. Яке аз омилҳои муҳими густариши ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон надоштани ҷаҳонбинии алтернативӣ ва созанда мебошад. Ҷавононе, ки ба ақидаҳо ва ҷаҳонбинии алтернативӣ дастрасӣ надоранд, метавонанд зери таъсири созмонҳои ифротӣ ва террористӣ қарор гиранд.
Сабаби дигари густариши ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон идеологияи динӣ мебошад. Эътиқодҳои динӣ метавонанд аз ҷониби ифротгароён барои фиреб додани ҷавонон истифода шаванд. Ҷамоаҳои динӣ бо вуҷуди арзишҳои осоишта ва маънавии худ, метавонанд ба макони тундгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро табдил ёбанд. Истифодаи ғояҳои динӣ барои тарғиби ифротгароӣ ва терроризм фазои хатарнокеро ба вуҷуд меорад, ки дар он ҷавонон ба таъсири ақидавӣ гирифтор мешаванд.
Имрӯзҳо, ки вазъият дар ҷаҳон рӯз то рӯз хеле муташанниҷ ва мураккаб гардида истодааст, мо- ҷавонони замони истиқлол ҳамеша дар пайравии суханони Пешвои миллат буда, бояд ҳушёриву зиракии худро аз даст надода, ба ҳар гуна фиребу найрангбозие, ки хоинону душманони миллати тоҷик карда истодаанд, дода нашавем.
 
Шарипов Дилшод-мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар