ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР

Бохтар: Вокуниш  
       Бо нигаронӣ аз хатарҳои муосири имрӯза, ки ҷомеаи ҷаҳонро фарогир гаштаву бештар ба истиқлолияти давлатҳо бо роҳи зарбаи манфӣ задан ба афкору рафтори ҷавонон таҳдид менамояд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҷавонон чунин вазифа гузоштаанд: “Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд”.
Тибқи баъзе маълумотҳои оморӣ дар ҷаҳон беш аз 500 ташкилоти террористию экстремистӣ арзи ҳастӣ доранд. Дар ҷудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ манъ карда шудааст. Дар ин руйхат гуруҳҳои террористие чун “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ”, “ ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибони”-и Афғонистон, “Бародарони мусалмон”-и Миср, “Лашкари Тайиба”-и Покистон, “Ҷомеаи исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ” ташкилоти динӣ-мисионерии “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҷамоати ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Гурӯҳи -24”, “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) ва “Ҷабҳат-ан-нусра” шомиланд.
Соли 2017 дар Паёмашон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад” Омилҳои мусоидаткунанда ба терроризм агар аз як тараф дар бархурди манфиатҳои абарқудратҳо бошад, аз ҷониби дигар дар осебпазир будани афкори ҷомеа ва масъалаҳои иҷтимоӣ нуҳуфтааст. Дар ин росто метавон аз чунин омилҳоро ном бурд;
-надоштани донишу фаҳмиши кофии оламӣ ва ҷаҳонбинии фарогир;
-бетарафии аҳли ҷомеа нисбати зуҳури аввалин нишонаҳои ифротӣ шудани ҷавонон;
-боварии зиёд нисбати овозаву хурофот ва мусоидат кардан ба таблиғоти ифротиён;
-гурехтан аз мушкилиҳои зиндагӣ, ҳавову ҳавас мебошанд.
Афсус, ки бархе аз ҷавонони мо имрӯзҳо аз кӯтоҳандешӣ ва надоштани саводи кофии диниву дунявӣ бо ҳар гуна ҳизбу равияҳои номатлуб шомил гашта, бо ин васила ба номи ҷавонии худ, обруйи волидайн ва пеш аз ҳама ба унвонии Ватан иснод меоранд. Аз ин рӯ ҳар яки моро мебояд, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намоем, то фардо дер нашавад.
Дар ҳамин маврид моро зарур аст, ки барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири манфии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хатарзо, нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва таъмину таҳкими амнияти давлат ва халқамон ҳамеша омода бошем. Падару модар, муассисаҳои таълимиро лозим аст, ки ҷавононро дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, ҷиҳати аз худ кардани донишҳои муосир, ба корҳои муфиду созанда дар ҳаёту рӯзгори худ ҷалб намоянд. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст истифода баранд.
Омӯзонидани суннатҳои қадимаи ниёгонамон, аз қабили эҳтироми калонсолон, маърифати оиладорӣ, кӯмак ба дармондагон, анҷоми корҳои ободонӣ ба тариқи ҳашар (боиси пайдоиши ҳисси дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мегардад) одоби меҳмоннавозиву меҳмондориро ба онҳо омӯзонанд.
 
Саидзода Раҳмон - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар