ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон:  

Ба ифтихори 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар ташкилоти ибтидоии Сулҳи маҳаллаи Мирзо Турсунзода чорабинии фарҳангӣ бо иштироки аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар сатҳи баланд доир гардид. Нахуст муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ- ҳамчун туҳфаи тақдир ба миллати тоҷик ёдовар гардида, ҳозиринро шодбош намуданд. Барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири ҳозиринро шод намуд.