АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОДИНА”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ имрӯз аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Одина”-и маҳаллаи Одинаев Ҷамоати Шаҳрак дар ноҳия аксияи тозагӣ доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи маҳаллаи Одинаеви Ҷамоати Шаҳрак, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои маҳалла, саҳми арзандаи худро гузоштанд.