СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №59

Ёвон:  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ва дар доираи тадбиқи Амалёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории «Соатҳои сиёсӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ №59 бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба бо хонандагони синфҳои болоӣ «Соати сиёсӣ» баргузор карда шуд.

Дар «Соати сиёсӣ» вобаста ба мавзӯъҳои «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон», «Тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ», пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон  суҳбат доир карда шуд.