АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ имрӯз аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Бустон”-и деҳаи Бустон-2 Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова дар ноҳия аксияи тозагӣ доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи деҳаи деҳаи Бустон-2 Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои деҳа, саҳми арзандаи худро гузоштанд.