АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЛОИҲАКАШ”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ имрӯз аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Лоиҳакаш” дар ноҳия аксияи тозагӣ доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи ташкилот, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои ташкилот саҳми арзандаи худро гузоштанд.