ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СИТОРАИ СУРХ

Ёвон:  

 Санаи 17-уми апрели соли равон дар ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки муовини раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳия, мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва Раиси Ҷамоат ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва ҳалу фасли он вохӯрии навбатӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон ва фаъолони ҷамоат иштирок варзида, бо онҳо оиди баррасии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳолати кабудизоркунӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва рафти корҳои ободонӣю созандагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо пайваста дар шаҳраку ҷамоатҳои ҳудуди деҳаҳои ноҳия доир гардида, дар пешрафти сатҳи зиндагии мардум ёрии амалӣ мерасонад.