ВОХӮРӢ БО АЪЗОЁНИИ ФАЪОЛИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН".

Ёвон: Созандагони ватан  

Санаи 16-уми апрели соли 2024 вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62 баргузор гардид. Зимни баромад ва вохӯрии судманду самимӣ масъулин қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон талош меварзад, ки ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир карда, барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо аз тамоми зинаҳои маълумот самаранок истифода менамояд. Ҳизб фарҳанги сиёси ва маърифати ҳуқуқии ҷавононро густариш дода баҳри дарёфти роҳҳои муассир ва намунавии онҳо чораҷуи карда мешавад.