ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГРО БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУД!

Ёвон:  

Кишоварзӣ   яке  аз   соҳаҳои  сердаромадтарини мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ҳама фасли сол дар бархе аз сокинон заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода мебаранд. Бо мақсади расонидани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ санаи 15 апрели соли равон тибқи нақша-чорабиниҳо, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Ёвон аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаи Сарқамиш дар Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова ноҳияи Ёвон дидан намуданд. Маълум гашт, ки сокинони меҳнатқарини деҳаи мазкур кӯшиш доранд, ки аз замини дар ихтиёрдоштаи худ ду – се ва зиёда аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоваранд. Онҳо ҳар ваҷаб заминро хуб истифода намуда, ба ин васила маводи ғизоии худро ба даст меоваранд ва ҳам ба бозори шаҳрӣ ба фурӯш мебароранд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ин роҳ даромади оилавии худро таъмин намуда, баҳри пешрафти рӯзгори худ ҳиссаи худро гузоранд.

Зимни боздид аз заминҳои наздиҳавлигӣ сокини деҳаи мазкур иброз намуданд, ки: “Имрӯзҳо мо бо чунин амали худ истеҳcоли маҳсулотро дар ҳама фаслҳои сол ба роҳ мемонем, бозорҳои шаҳру ноҳияҳои наздикро бо маҳсулотҳои тару тоза таъмин менамоем. Барои ҳосили хуб ба даст овардан аз тадбирҳои агротехникӣ хуб истифода мебарем.”