БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №63

Ёвон:  

Дар доираи Амалиёти муштарак Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия санаи 27 апрелии   соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  МТМУ №63 –и ноҳияи Ёвон Соати сиёсӣ баргузор гардид.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуъҳои зерин доир карда шуд. Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба хизмати ҳарби, интихоби касб, истифодаи дурустӣ телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд.

Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ” омӯзгорони пуртаҷриба   бо масъулону омузгорони муассиса иштирок доштанд. Инчунин баъди суҳбати Амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ" бо як чанд омузгорони муассисаи номбурда суҳбатҳои озод гузаронид.