БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТ БО АФСАРОНУ САРБОЗОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола саннаи 10 декабр рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар саросари Тоҷикистони азизамон таҷлил карда мешавад. Имсол аз ин санаи фархунда 29 сол сипарӣ мешавад. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин рӯзи таърихӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар асоси дастурур супоришҳои ниҳодҳоии болоии ҳизб нақша ҷорабиниҳо омода карда шуда, дар доираи он чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ бо маром идома дорад.

Ин навбат дар толори бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо иштироки афсарону сарбозони қисми низомии 6593-и ноҳия вохурии судманд бароҳ монда шуд. Дар вохӯри муовини раиси Кумита Абдуллозода Саёҳат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки вохӯрии мазкур дар доираи Ҳафтаи ҲХДТ амали карда шуд. Аз ҷониби баромадкунандагон иброз карда шуд, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо Ҷом, медал ва сипосномаҳои Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.