ТАТБИҚИ АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ободонию созандагӣ аз ҳадафҳои  бунёдкорона ва сиёсати созандаи  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, имрӯз дар пайравӣ ба сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ободкори деҳаи Рудакӣ тасмим барои  азнавсозии қубурҳои обгузари маҳалла намуда, барои омодагӣ ба фасли зимистон ва ободу зебо сохтанӣ шоҳроҳи дохили деҳаи худ пайваста талош меварзанд. Ин ҳама корҳои созандагӣ дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шуда, зина ба зина амалӣ гардида истодааст. Ҳизбиёни ноҳия, ки ҳамеша таблиғгари идеяҳои созандаи Роҳбари муаззами ҲХДТ дар сатҳи маҳал мебошанд дар чорабиниҳои созандагии мардуми деҳот иштирок намуда, боиси қадрдонии аҳли заҳмат гардида, онҳоро бо сипосномаву туҳфаҳо қадршиносӣ менамоянд.