ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ОМӮЗГОР

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Саннаи 3 октябри соли равон дар толори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба ифтихори сазовор таҷлил намудани Рӯзи касбии омӯзгор, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар қаламрави Тоҷикистони ба хотири арҷгузоштан ба қадру манзалати омӯзгор  чорабинии идона доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ва раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Солиҳов Маҳмадрасул иштирок ва суханрони намуданд.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат иштирок доштанд. Аз ҷониби баромадкунандагон вобаста ба фаъолият омӯзгорон суханрони карда шуд. Дар қисмати дигари чорабини барои болидарӯҳии омӯзгорон барномаи идонаи фарҳангӣ доир карда шуд.