ЗИЁДШАВИИ АЪЗОИ ҲИЗБ АЗ ҲИСОБИ ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон вобаста ба баргузории суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбӣ-техникии ноҳия санаи 20 сентябри соли равон дар ташкилоти ибтидоии Касбомӯзии Литсейи касбӣ-техникии ноҳия бо донишҷӯёни муассисаи мазкур вохӯрии судманд анҷом дода шуд. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб, мутахасиси бахши омори Кумита Раҳмонзода Муҳаммад ва директори муассиса Файзализода Сиёвуш иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ Расулов Ғолиб иброз намуд, ки ҷавонони мо имрӯз бояд аз пештара дида ҳушёр бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳамзамон вобаста ба фарҳанги миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ андешронӣ намуданд. Инчунин дар фарҷоми вохӯрӣ якчанд нафар ҷавононе, ки ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд дар фазои тантанавӣ ба онҳо билети ҳизбӣ тақдим карда шуд.