ТАШРИФИ МОДАРОН БА ҚИСМИ НИЗОМӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон нақша чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар ин самт як қатор корҳо ба сомона расонида шуд. Аз ҷумла дар доираи баргузории нақшаи мазкур санаи 9 сентябри соли равон бо ташабуси ниҳоди ноҳиявии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатпеша дар қисми низомии 6593-и ноҳия барои сарбозони қисми низомии мазкур чорабинии идона доир карда шуд. Ҳамзамон дар доираи чорабиниҳои доиргардида ба қисми низомӣ ташрифи модарон зери унвони “Модари аскарбача” ба роҳ монда шуд, ки дар доираи он зиёда аз 50 нафар модарону бонувон аз деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия барои аёдати сарбозон ташриф оварданд.