БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО МОДАРОНУ САРБОЗОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон нақша чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар ин самт як қатор корҳо ба сомона расонида шуд. Аз ҷумла дар доираи баргузории нақшаи мазкур санаи 9 сентябри соли равон бо ташабуси ниҳоди ноҳиявии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатпеша дар қисми низомии 6593-и ноҳия барои сарбозони қисми низомии мазкур чорабинии идона доир карда шуд. Ҳамзамон дар доираи чорабиниҳои доиргардида аз ҷониби намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб дар якҷоягӣ бо модрону сарбозон суҳбат дар мавзуи “Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” доир карда шуд. Абдуллозода Саёҳат дар баромади хеш иброз доштанд, ки Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан буда барои ҳимояи марзу буми кишвари азизамон аз давраҳои аввали таъсисёбиаш то баҳол нақши бориз дорад.